Бе гулу булбул чаман дилҷуй нест
Бе муҳаббат зиндаги хушрӯй нест. 


 
Зеби дасти гулъузорон аст гул,
Роздори дӯстдорон аст гул.
Гар шуди ошиқ ту гӯшу ҳуш дор,
Рангу бӯи рӯзгорон аст гул.

Гул рамзи муҳаббату саодат бошад
Булбул чаманорои садоқат бошад.
Бе савти хуши булбулу бе накҳати гул
Дар гулшани умр кай тароват бошад?

Ҳар гул ба чаман хандаи зебо дорад
Ҳар хандаи гул  сози дилоро дорад.
Наврӯзу чаман ба гул дилорост ҳаме
Ҳар боғ ба худ булбули шайдо дорад.

Гул ҳусни баҳори дилрабо афзояд
Гул хандаи дил ба ҳар куҷо афзояд
Гар одаму гул ҳамеша  хандад бо ҳам
Файзу самаре ба кори мо афзояд.

Бе гул на  ҷаҳон хуш асту не саҳни чаман 
Бе гул на забон хуш асту не шаҳди сухан.
Бе гул набувад меҳр ба қалби ошиқ
Бо гул ҳама ҷо чу гул азиз аст Ватан

Гули садбарги тар дар гушаи саро намезебад
Ҳаёти хуш ба сар бурдан тани танҳо намезебад.
Ба синну соли худ бингар, агар ақле ба сар дори,
Ба фарқи сар задан доим гули раъно намезебад.

Гул мехарам аз баҳри худ,
Аз номи як номеҳрубон.
Гулро бибусам ҷои ӯ,
Сӯзандалаб, сӯзандаҷон.

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст
Миҷмари дилро намояд пуршарар
Ҳар касе гулро агар помол кард
Мехалад хораш ба по чун нештар.
Гуле дар бар, гуле дар сар задам ман
Ба ёди ёри миспайкар задам ман
Гули барбаста ҳайрон монда, оё,
Ба шифти дастнорас дар задам ман.

Гулбазм шуду зи рафтагон ёд кунед,
Бар аҳди фитодагон имдод кунед.
Бар мардуми дилхаста гул бибаред
Бо сеҳри сухан дили яке шод кунед.

Гул шумою булбул шумо,
Ин гул муносиби шумо.
****
Манам аз ноҳияи Файзобод
Гулбазмро ин дам мекунам обод.
Гул бар касе деҳ ки талабгори ӯст,
Пеши касе рав, ки харидори туст.

Гулу себарга пояндоз имшаб,
Биёбад зиндагӣ оғоз имшаб.
Азизон,марҳабо,гулбазм пешкаш,
Дари дил бар шумоён боз имшаб.

Эй дилдодагон,ба саҳна бо назм оед,
Бо дастаи гул ба пайки гулбазм оед.
Шояд чу гуле ханда кунад бахти шумо,
Дунёи ҷавониро зи нав зинда кунед.


Эй дилдодагон,ба саҳна бо назм оед,
Бо дастаи гул ба пайки гулбазм оед.
Шояд чу гуле ханда кунад бахти шумо,
Дунёи ҷавониро зи нав зинда кунед.
Гул болои дарвоза,
Гулбазм шудааст овоза.
 
Гули бебӯйро ҳаргиз набӯед,
Дили Беишқро ҳаргиз наҷӯед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.
 
Гулат гули нилуфар,
Гул меравад ба сафар.
Ҳар каси,ки ошиқ бувад,
Гулбазмро бахшад кайфар.
 
Эй навҷавонон,бар азму бар ҷазм оед,
Бо дастаи гул ба саҳни гулбазм оед.
Ку марди бузург,ки пулу мол кор кунад,
Пас дастаи гул тӯҳфаи дилдор кунад.
 
Гулбазм шуду ба дасти ман гул додӣ,
Садбарги шукуфтаю сунбул додӣ.
Гулбарги туро ба дасти мардум доданд,
Эй кош,ба ҷои гул маро дил додӣ.
 
Гулбазм гуфтан кори ман нест,
Ин гулдодагӣ ёри ман нест.
**** 
Гулбазм хуш асту  саҳни гулбазм хуш аст,
Дар туй суруду сабқати назм хуш аст.
Ба гулбазм биё, ки ёри зебо ёбӣ,
Дунёи ҷавонии гуворо ёбӣ.
Гул гуфт: «Агар дастгаҳе доштаме,
Бигрехтаме агар раҳе доштаме.
Бо бегунаҳӣ маро чунин месӯзанд,
Эй вой ба ман,агар гунаҳ доштаме.
 
Гул гуфт,ки ман асламу аслам по каст,
Бӯям ба касе расад,ба ман муштоқ аст.
Савсан чӣ касс аст,ӯ ба мо теғ кашад,
Ман аз арақи ҷабину ӯ аз хо каст.
 
Гулам ,гул аз туву гул чидан аз ман,
Лаби лаъл аз туву бусидан аз ман.
Гулистони рухат бошад насибам,
Таровидан аз ӯву дидан аз ман.
 
Гулаки лолаам монда набошӣ,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошӣ.
Агар донам,ки умри ту ҳамин аст,
Бигир аз умри ман то зинда бошӣ.
 
Гули сурху гули зарду гули ёс,
Аҷоиб духтаре ҳамсояи мост.
На бар мо медиҳанд,не мефурӯшанд,
Ғанимат ҳаст,ки сояаш бар сари мост.
 
Гуле аз асти ёр омад ба дастам,
Ба бӯи гул чӣ шайдою чӣ мастам.
Гаҳе бӯ мекунам,бо дида молам,
Ки дастовези ёр омад ба дастам.
Имруз ки соқиии чаман наргизи маст аст,
Булбул шуда гуяндаву гул доирадаст аст.
 
Дамад аз дасти ӯ гул даста – даста,
Бар ангуштони худ гулдаста баста.
*** 
Баҳору фасли ҷавониву гул ғанимат дон,
Гули шукуфтаи худро мадеҳ ба боди хазон.
**** 
Гули ман ханда ёрат бод доим,
Ба сар файзи баҳорат бод доим.
Саҳар чу интизори офтоб аст,
Дили ман интизорат бод доим.
 
Гуле аз дасти ёр омад ба дастам,
Ба бӯи гул чӣ шайдову чӣ мастам.
Маро гӯянд: Чаро гул мепарастӣ?
КИ ёрам гул бувад ман гулпарастам.
 
Бача-бачае,ту об кардӣ моро,
Садбарги даруни боғ кардӣ моро.
Мо барфи сафед будем дар он кӯҳи баланд,
Офтоб шудию ту об кардӣ моро.
Себарга бигуфт: «Дар ин ҷаҳон ҳамза манам»
Бунафша бигуфт: «Ҷавони пурғамза манам»
Садбарг бигуфт: «Лофи беҳуда мазан,
Тоҷи сари ошиқони имруза манам».
 
Биё, гулро ба гул пайванд созем,
Биё,дилро ба дил хурсанд созем.
Дар ин дунё ҳама макру фиреб аст,
Чаро мо ҳамдигарро фанд созем.
 
Гули садбарг  зи гулҳо беҳтарин аст,
Зи мева аз ҳама анҷир ширин аст.
Миёни бачаҳои шӯху зебо,
Ҳамон дилдодаи ман нозанин аст.


Гул гуфт: Ҷавонам,ба ҷаҳон омадаам,
Аз дасти ҷавонон ба фиғон омадаам.
Эй бехабарон,маро зи гулшан наканед,
Ман ҳам ба тамошои ҷаҳон омадаам.
Меҳр агар дар пул бошад,зиндагӣ даркор нест,
Ишқ агар дар ҳусн бошад,ошиқӣ даркор нест.
Гул агар пажмурда гардад дар миёни ду ҷавон,
Мард агар номард бошад,гул ба вай даркор нест.
 
Гул гуфт,ки манн мубини динӣ дорам,
Дар назди Расул ҳамнишинӣ дорам.
Рангам зи Муҳаммаду буям зи Алӣ,
Ишқи Ҳасану меҳри Ҳусайнӣ дорам.
 
Табиат фасли гарму сард дорад,
Чаман гулҳои сурху зард дорад.
Қуҷо донанд бедилҳо дили мо,
Ки ҳар як хандаи мо дард дорад.
 
Гул агар баланд шавад,навдааш хам мешавад,
Ҳайфи умри навҷавонӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ҳайфи умри одамӣ аввал баҳор охир хазон,
Ҳайфи ёри бевафо охир пушаймон мешавад.
 
Гул овардам ба меҳмонӣ,
Бароят,эй ёри ҷонӣ.
Нарезон баргу шохашро,
Агар ту қадри гул донӣ.
 
Эй ҷураи ҷон чинори давлат бошӣ,
Гулҳои шукуфтаи вилоят бошӣ.
Гулҳои шукуфтаи вилоят манну ту,
Ҳар ҷо ки бошӣ, Сиҳат саломат бошӣ.
 
 
Дар ин кӯю гузар меҳмонам, эй гул,
Туро аз зиндагӣ ҷӯёнам, эй гул,
Зи донишҳои дунявӣ,эй инсон,
Фақат номи туро медонам,эй гул.
 
Гулбазм муҳаббатгаҳи ёрон бошад,
Аз ёр ба ёр шеърборон бошад.
Донандаи абёту сухан бурд кунад,
Мағлуб шавад ҳар он ки нодон бошад.
 
Ин дастаи гул ба панҷаи хор диҳам,
Ку ёраки арзанда,ки бар ёр диҳам?
Духтарҳои ин замона надоранд ҳаё,
Рӯмол ба киву  бар кӣ эзор диҳам.
 
Арзандаи гул гулбаданон бисёранд,
Арзандаҷавон куҷо,ки дил биспоранд.
Ин селаҷавон,ки дафхабар омадаанд,
Ё бекоранд ё чу  ту беоранд.
 
Афсӯс, ки номи мард хор кунӣ,
Айб аст,ки таънаҳо аз эзор кунӣ.
Дар маҳфили мо,ки аз дилу гул хонанд,
Бо шеър тавонӣ,ки маро бор кунӣ?
 
Рӯят гули лолаву лабат ғунчаи гул,
Афсӯс,насибаи ягон девию ғул.
Ҳарчанд сухан аз дилу гул мегуӣ,
Савдо бизани ҳусн ба дороиву пул.
 
 
Оре,ба ҳама гул дилу пул даркор аст,
Аз бедилу бепул ҳама безор аст.
Ку соҳиби дил,ки молу пул кор кунад,
Пас дастаи гул тӯҳфаи дилдор кунад?
 
Оре , гули манн, биё, сазовори манӣ,
Гулдаста зи манн бигир,даркори манӣ.
Мағлуби тую шеъри ту дар базм маннам,
Шодам,ба низоми умри ман ёри манӣ.
Наврӯз шуду чу гул ҳама хандонем,
Ин лаҳзаи умрро ғанимат донем.
Шодона ба маҳфили ҷавонӣ оед,
Гулбазми арӯси сол бо ҳам хонем.