ИШК ЧИСТ?

Хуршеди сипехри безаволи ишк аст,
Мурги чамани хучастафоли ишк аст.
Ишк он набувад, ки хамчу булбул ноли,
Хар гах ки бимириву наноли, ишк аст. 
Умари Хаём     
Ба бобоҷон гуфтанд: ишқ чист? Гуфт: «бозӣ» Ба навҷавоне гуфтанд: ишқ чист? Гуфт: «рафиқбозӣ» Ба ҷавоне гуфтанд: ишқ чист? Гуфт: «пул, мол ва сарват» Ба пирамарде гуфтанд: ишқчист? Гуфт: «умр »Ба ошиқе гуфтанд: ишқ чист? Чизе нагуфт: «оҳи сахт кашиду бигрист» .

Алами олами дерин ишк аст 
Лаззати кисмати ширин ишк аст. 
Даст бар даст задан кафкубист 
Сина бар сина задан ин ишк аст.(Лоик)

Ишқ чист ! Ишқ ин дардест бе даво ! Ишқ ин шаҳдест ширинтар аз асал ва талхтар аз заҳр ! Ишқ ин қотилест бе силоҳ ! Ишқ ин маконест, ки воридаш гарди баромадан аз он муҳол аст. Ишқ ин атои Худованд аст!

Ишк як чархе аст: Вакте ошик мешавед, садама мебинед,. Вакте садама мебинед, нафратзада мешавед. Вакте нафратзада мешавед, саъй мекунед фаромуш кунед. Вакте саъй мекунед фаромуш кунед, дилтанг мешавед Вакте дилтанг мешавед Дар танхои дубора ошик мешавед.

Ба гул гуфтам ишк чист? гуфт: «Аз ман хушгилтар аст .....» Ба парвона гуфтам ишк чист? Гуфт: «Аз ман зеботар аст» Ба шамъ гуфтам ишк чист Гуфт: «Аз ман сузонтар аст» Ба ишк гуфтам «Охир ту чисти?» Гуфт: «Нигохе беш нестам».
****

Ишк бахонае аст барои бози кардан, бахонае барои фаромуш кардан, бахонае барои нобуд кардан, бахонае барои дил шикастан ва шояд барои зиндаги кардан .. ..
 
Сардафтари олами маони ишк аст,
Сарбайти касидаи чавони ишк аст.
Эй он ки надори хабар аз олами ишк,
Ин нукта бидон,ки зиндагони ишк аст

Бадтарин дард ин нест ки ишкат бимирад, ин нест, ки ба оне ки дусташ дори нараси, бадтарин дард ин нест ки ишкат ба ту нораво бизанад, бадтарин дард ин нест ки ошики яке бошиву у надонад. Бадтарин дард инаст ки . мемирад ва баъд аз маргаш бифахми ки дустат доштааст.


Ишк намепурсад ахли кучои, факат мегуяд ки дар калби ман зиндаги мекуни.
Ишк намепурсад чаро дур хасти факат мегуяд хамеша бо ман хасти.

Ишк намепурсад ки дустам дори? факат мегуяд: дустат дорам ...


Муаллим руи тахтаи синф ду хати мувозие кашид. Хати аввал ба дувумаш гуфт: мо метавонем зиндагии хубе дошта бошем ...! Дувуми калбаш тапиду ларзон гуфт: Бехтарин зиндаги! Дар хамон замон муаллим баланд фарёд зад: «Ду хати мувози хечгох ба хам намерасанд »ва бачахо хам такрор карданд: ... ду хати мувози хечгох ба хам намерасанд магар инки яке аз он ду барои расидан ба дигаре худро бишканад!
Инсон махкум Ба зистан
Гул махкум Ба парпар шудан
Шамъ махкум Ба гиристан
Сукут махкум Ба танхо ВА калб БО тамоми сафову самимияташ махкум Ба шикаста шудан АСТ.

 
Дар шахри Ишк кадам мезадам, гузарам афтод ба кабристони ошикон.Хеле тааччуб кардам то чашм кор мекард кабре буд пеши худам, гуфтам яъне ин кадр калби шикаста вучуд дорад? Як дафъа мутаваччехи калбе шудам ки тоза хок ​​шуда буд, суи у рафтам. Баргхои руи кабрро канор задам ки барояш дуъо кунам ва ба он чизе ки медидам боварам намешуд.Он калби хамон касе буд ки чандсол пеш дили маро шикаста буд.

Ошики вокеи ватке дилаш мегирад бехтарин чизе ки метавонад оромиш кунад навиштан аст. Шояд роххои дигаре барои холи кардани акидаи дил бошад вале барои ман навиштан дар хукми таскине аст, ки оромиш ро ба дилам боз мегардонад.


Як хамеша як аст. Шояд дар тамоми натавонад бештар аз як ададе бошад аммо баъзе вактхо метавонад хеле бошад. Як нигох. Як сарнавишт. Як хотира.Як дуст. ** *************
Ишк савдои сари бозор нест,
Ишк мухточи каси пулдор нест.
Ишк пок асту ба покон мерасад,
Ошики гул дар суроги хор нест!
 

Аз дарё пурсиданд, ки ишк чист? Гуфт! Хушкидан. Аз абр пурсиданд, ки ишк чист? Гуфт! Боридан. Аз гул пурсиданд, ки ишк чист? Гуфт! Пачмурда шудан. Аз инсон пурсиданд, ки ишк чист? Гуфт! Чудой-Чудой .
 

Шоир ва фариштае бо хам дуст шуданд, 
Фаришта паре Ба шоир дод ва шоир шеъре ба фаришта эчод кард,
Шоир пари фариштаро болои дофтари шеъраш гузошт 
ва шеърхояш буйи осмон гирифт.
Фаришта шеъри шоирро замзама кард ва дахонаш маззаи ишк гирифт ...
Худо гуфт: дигар тамом шуд ... 
дигар зиндаги барои хардуи шумо мушкил мешавад ...
Зеро шоире ки осмонро бишнавид замин барояш кучак аст,
Ва фариштае ки маззаи ишкро бичашид осмон барояш кучак аст.
Ишк дар дил, шуълаи субхи саодат будааст,
Ошики эхсоси бахшишхои кисмат будааст.
Дар чавони ишк буду давлати дунё набуд,
Он хама бе давлатихо хуб давлат будааст.


Ишк яъне хотироти бегубор 
Дафтари Аз шеъру Аз атри Бахор
Ишк яъне Як таманно, Як ниёз 
Замзама Аз ошики БО сузу соз 
Ишк яъне чашми хеши масти у
Зери борон дасти ТУ Дар дасти у.
Ишк яъне мастиву девонаги, 
Ишк яъне бо чахон бегонаги.
Ишк яъне шаб нахуфтан то сахар, 
Ишк яъне сачдахо бо чашми тар,
Ишк яъне сар ба дор овехтан.
Ишк яъне ашки хасрат рехтан,
Ишк яъне дар чахон расво шудан,
Ишк яъне масту бепарво шудан ,
Ишк яъне сухтан Е сохта
Ишк яъне зиндагиро бохтан.
Ишк яъне интизору интизор.
Ишк яъне харчи бини акси ёр,
Ишк яъне Дида бар Дар духтан
Ишк Ишк яъне лахзахои илтихоб
Яъне Дар фирокаш сухтан.
Ишк яъне лахзахои ноб,
Ишк яъне сузани, охи шабон .
Ишк яъне шоири дил сухта
Ишк яъне оташи афрухта
Ишк яъне БО гуле гуфтан сухан.
Ишк яъне хуни лола бар чаман.
Ишк яъне шуъла бар хирман задан.
Ишк яъне расми дил бар Хам задан 
Ишк яъне БО парасту Пар задан,
Яъне оламе розу ниёз
Ишк яъне ОБ Ба озар задан
Ишк яъне хамчу Юсуфи каъри чох
Ишк яъне зохид аммо бутпараст
Ишк яъне хамчу Ман шайдо шудан
Ишк яъне катраву дарё шудан
Ишк яъне Як шакоик гарки Хун
Ишк яъне дарду мехнати дарун
Ишк яъне Як салому Як дуруд
Ишк яъне маънии рангин Камон.

Аз дарё пурсиданд, ки ишк чист?
Гуфт! Хушкидан.
Аз абр пурсиданд, ки ишк чист?
Гуфт! Боридан.
Аз гул пурсиданд, ки ишк чист? Гуфт! Пачмурда шудан.
Аз инсон пурсиданд, ки ишк чист?
Гуфт! Чудой-Чудой .
Ишк яъне шодиву сарзиндаги, ишк яъне мунтахои бандаги
Ишк яъне сухтану афрухтан, шеваи дарёдилон омухтан.
Ишк яъне сузиши парвонахо, шуриши дил, хуни сурхи лолахо,
Ишк яъне савти булбул дар бахор, хандаи гул бар фарози шохсор.
Ишк яъне Вомику Узро шудан, бахри сайди дур дар дарё шудан.
Ишк яъне зиндагиро сохтан, дил ба маъбуди гироми бохтан,
Ишк яъне дар рахи у сарбадор, ишк яъне лахзахои бекарор.
Ишк яъне бесутунро тохтан, чехраи зебои Ширин сохтан
Ишк яъне хамчу мачнун сухтан, Роху расми ошики омухтан.
Ишк яъне Юсуфи Канъон шудан, аз Зулайхохои дун пинхон шудан,
 Ишк яъне човидоневу гурур, Дарси мехру отифи Кардан мурур

Аввали ишқ - осмони баланд, Охири ишқ -. хоки домангир
Аввали ишқ - орзуҳо гарм, Охири ишқ -. орзуҳо ПИР
Аввали ишқ - даст бар гардан, Охири ишқ -. дастудилшӯӣ
Аввали ишқ - рӯ ба рӯи ёр, Охири ишқ -. рӯ Ба берӯӣ
Аввали ишқ - гул ба кокулҳо, Охири ишқ -. мушти хору хас
Аввали ишқ - соҳиби дунё, Охири ишқ -. мурдаи Бекас
Аввали ишқ - лофи мардона, Охири ишқ -. туҳмати номард
Аввали ишқ - синаи пуршӯр, Охири ишқ -. синаи пурдард
Аввали ишқ - бӯсаи ширин, Охири ишқ -. талху шӯриҳо
Аввали ишқ - нашъаи дидор, Охири ишқ -. заҳри дуриҳо
Аввали ишқ - гулфишони баҳор, Охири ишқ -. баргрезиҳост
Аввали ишқ - аввали дунё, Охири ишқ - охири дунёст!
 
 
Ишқ ин доди Худованд аст.
Бо муҳаббат решапайванд аст.
Аз тулуи шамси руи ёр.
Ҳар каси дилдода хурсанд аст.
Занги аввал дар дабистонаш.
Бо садои бусаи қанд аст.
Зиндагӣ худ дар раванди умр.
Ҳамчунон пири хирадманд аст

Дар олам ошикон хамто надоранд,
Ба чуз аз сухтан савдо надоранд.
Даме, ки ру ба ру оянд бо хам,
Киемат хам шавад, парво надоранд
Ишқро ман дар ҷаҳон дидам басе,
Дар миёни ҳар касу хар нокасе.
 Ошиқон бар қаъри дарё мераванд,
Булхавас боло барояд чун хасе.
Умеди зиндагӣ, уммеди ишқ аст,
Ҷаҳон як нусхаи тақдири ишқ аст.
Ту хуршеде ки мебини ба гардун,
Фақат як шӯълаи хуршеди ишқ аст.
Ин ишки дилгудоз, ки эхсони зиндагист,
Дар синаи хамуши мо мехмони зиндагист.
Як руди пурхуруш ба сахрои орзу,
Як рузи офтобии даврони зиндагист.
Ин ишки чонфуруз, ки фармудаи дил аст,
Осоиши хуручи наёсудаи дил аст.
Як гунчаи хануз набуидаи умед,
Як рохи то хануз напаймудаи дил аст.
Ин ишки хонасуз, ки тугёни орзуст,
Дар чисми сард шуълаи сузони орзуст.
Як лахзаи навозиши чони ниёзманд,
Як сахнаи намоиши исёни орзуст.
Ин ишки дилфиреб фиребаш зиёда бод,
Аз давлати висол насибаш зиёда бод.
Дорам диле , ки бо рахи осон намеравад,
Ранчи рахи фарозу нишебаш зиёда бод.
Ин ишки синасуз, ки инъоми зиндагист,
Як гулгула ба олами ороми зиндагист.
Огози у хуш аст, ки огози бахти мост,
Анчоми у мабод, ки анчоми зиндагист ...


Зиндагй ишк аст, афсона не,
Он ки ишкро офарид девона нест.
Ишк он нест, ки дар канораш боши,
Ишк он аст, ки бо ёдаш боши .....
Эй ки мепурси нишони ишк чист
Ишк чизе чуз зухури мехр НЕСТ
Ишк яъне мехри Бе аммо агар
Ишк яъне рафтан БО пои САР
Ишк яъне дил тапидан бахри дуст
Ишк яъне чони Ман курбони УСТ
Ишк яъне масти Аз чашмони у
Белабу, бечуръа, бемай, бесабу
Ишк , ранчи мехрубони доштан
Захми дарки осмони доштан
Ишк яне Гул Ба чои хор бош
Пул Ба чои Ин хама девор бош
Ишк яъне Чун Мухаммад по Ба рох
Ишк яъне хамчу Юсуф каъри чох
Ишк яъне Шаб нахуфтан ТО сахар
Ишк яъне сачда БО чашмони Тар
Ишк яъне интизору интизор
Ишк яъне харчи бини Акси ЕР
Ишк яъне Дида бар Дар духтан
Ишк яъне Дар фирокаш сухтан
Ишк яъне Як нигохи ошно
Дидани афдодагони зери по
Ишк, озоди, рахои, эмини
Ишк, зебои, зулоли, равшани
Эй тавоно нотавони ишк бош
Пахлавоно пахлавони ишк бош
Ишк яъне зохири ботиннамо
Ботине оканда аз Нури худо
Солик, оре ишк рамзе Дар дил АСТ
Шарху васфи ишк Коре мушкил АСТ
Ишк яъне шури хасти ДАР калом
Ишк, яъне шеър, масти, вассалом ....

Ишк аст, ки зиндагй зи дил саршор аст,
Ишк аст, ки хоки тира машъалзор аст.
Аз ишк бигу, ки ба чуз ин харфи кухан,
Харфи хама мардуми чахон такрор аст.Манбаъ: http://tabrikot.tj/