Худо маро лоиқи ту наофарида - "Дӯстат медорам!" 
Ту ҳазор бор пурсафотарӣ аз ман- "Дӯстат медорам!" 
Ту ҳазор бор дарётарӣ аз ман - "Дӯстат медорам!"
Ту ҳазор бор дӯстам намедорӣ - "Ман ҳазор бор дӯстат медорам!" 

Агар тирам ба сар борад, туро ман дўст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дўст медорам.
Ту яктои мани, эй гул, тасаллои мани, эй гул
Агар ч,онам рамаҚ дорад, туро ман дўст медорам.
Туи худ орзуи ман, камоли ч,устуч,ўи ман,
Агар ишҚам ба марг орад, туро ман дўст медорам.
Агар арзи ниёзи ман, хама сўзу гудози ман
Ба гўши ту намефорад, туро ман дўст медорам.
Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дўст медорам.
Қасам бар холи абрўят, Қасам бар шуълаи рўят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дўст медорам.
 
Агар туро хостан иштибох аст, Агар бо ту будан иштибох аст. Агар ошики ту будан иштибох аст, Агар барои ту мурдан иштибох аст. Пас ту бехтарин ва кашангтарин иштибохи зиндагии ман хасти... 
 
Агар рузе зи умрам монда бошад, дустат дорам,
Зи руям давр ру гардонда бошад, дустат дорам!
Агар як лахза, як дидор, як умеди пайвастан,
Хузури вопасинам хонда бошад, дустат дорам
Агар суям хазонрез охирин дасти бахорамро,
Барои хайрбод афшонда бошад, дустат дорам…
Агар устоди дарси ишк баъди бебарорихо,
Маро аз мактаби худ ронда бошад, дустат дорам
Агар хамчун суруди Озарахши нотамомоханг,
Мухаббатномаам нохонда бошад, дустат дорам…
 
Meдонй ки чикадар дустат медорам......Ба андозаи чашм....Чун чашм хеле кучак аст, вале метавон бо ин чашм тамоми дунёро дид.... Пас ба андозаи хама дунё дустат медорам.... 
Ошиқона, содиқона  дӯст медорам,
Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам.
Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек
Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам!
Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не,
Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам.
Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш,
Шона карда, дона-дона дӯст медорам.
Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам,
Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам.
Ман туро дар маҳфили руъёи шеъри худ,
Бо суруду бо тарона дӯст медорам.
Шуҳрат аз ҳарфи хушат илҳом мегирад,
Шоират ман, шоирона дӯст медорам.
 
Бе хуршеди чамоли ту хатто офтоби оламафруз ба ман гарми намебахшад.Чамани пур аз гул бо хама тароваташ ба машоми ман намерасад….

Менависам бар китоби чашми ту. 
Бо каламхои нигохи гарми хеш. 
Бех зи чонам дусттар дорам туро, 
Мефишонам пеши поят калби реш. 
 
 
Вакте ба чашмони зебои ту менигарам,вакте ба лабони пур аз лутфу рухсорахои пурафсунат назар мекунам,шуълаяке дар калбам фурузон мешавад ва эхсос мекунам,ки ин шуълаи ишку мухаббат аст. Ин шуълаи ишку мухаббати маро хомуш макун ва баръакс бо мухаббату мехри худ онро фурузон намо.
Ту шохдухтари орзухои мани.
Дуст медорам туро, то чон дорам дар бадан, 
Хам ба ному, хам ба чону, хам ба вичдонам к,асам. 
То дар ин дунё хастам интизорат мешавам, 
Бо хама бемехрихоят боз ёрат мешавам.

Туро ман бо ҳама сӯзу навоят дӯст медорам,
Туро ман бо бисоти дардҳоят дӯст медорам.
Бимон бо дардҳои ишқ, то дар сина дил дорӣ,
Туро ман бо дили дардошноят дӯст медорам.


Ошикам гар бо мани, гар бе мани, 
Ошикам то он ки барноиву пок. 
Ошикам то хасти дар рӯи замин, 
Ошикам то банда берунам зи хок. 

Бар сарам гар санг ояд дуст медорам туро
Зиндаги гар танг ояд дуст медорам туро
Зиндаги сад ранч дорад ранчхои бешумор
Бо хазорон ранч ояд дуст медорам туро!

На ҳар кас ташнаи ҷӯи муҳаббат.
На ҳар дил мешавад кӯи муҳаббат.
Басо ғам дидаму пай бурдам охир,
На ҳар гул мекунад бӯи муҳаббат.

 

Бемораму орзуи дидори туро дорам.Агар хамчун табиб бар сари болини ман биёи лаззати ин бемориро бо хеч гавхаре иваз намекунам.

Туро чун мавчи дарё дуст дорам,
Туро чун авчи гулхо дуст дорам.
Биханд эй навбахори хастии ман,
Кунун хандиданатро дуст дорам.
 Ман хама хасти, мухаббат ва калби пур аз мехрамро ба ту бахшидам. Мехохам булбули хушилхоне бошаму дар чамани мухаббати ту сайр кунам,суруд хонам,аз тамошои чамоли афсунгари ту ба вачд оям.
 Кай зи дил берун кунам мехри таманнои туро,
Кай зи ёди худ барорам он суханхои туро.
Кай ба кадри ишки покам мераси ай бевафо,
Бевафо хастиву боз хам дуст медорам туро.


Оре,дустат медорам девонавор!Бо гирифтани номи зебои ту дил дар тапишу хун дар гардиш медарояд.Бо дидани чехраи мохпайкари ту,як хандаи зебандаву ширини ту, эхсоси гуворое маро фарогир мешавад , мадори рох гаштану  чашмамро аз ту канданро надорам.Инкадар зебои ва ин кадар дилрабои,ки бо ин нозу ишвахоят маро куштаву зинда мегардони.Сари таъзим фуру меорам ба он модаре,ки туро ба ин дунё овардааст.Ту маънии хаёти мани.
Ба хар чое равам  гуям, туро  ман дуст медорам 
Ба назди сад касон гуям, туро ман дуст медорам. 
Агар рузе бимирам ман, танам бар хок биспоранд, 
Садоям берун шавад аз хок, "туро ман дуст медорам!".


Ту бо сухан магу ки маро дуст медори. Зеро манн алакай садои калби туро мешунавам ва хамеша эхсос мекунам,ки дили ту мегуяд «Дустат медорам» … Ман хам Дустат медорам азизи дилам.

Дуст медорам
Вакте чашмхота мебанди
Ва дар огуши ишки ман
Ба руи хама гамхои дунё механди.
Дуст медорам
Вакте эхсоси начиби дустдоштанатро
Дар дарун ба даруни хохишат
Пинхон мекуни
Ва дар вусъати тафаккури лоилочиат
Вожа месузад
Мегуи
«Бояд равам»
Дуст медорам
Вакте
аз резиши обшорон
аз нам-нам борон
аз хандаи гули бахорон
мавчи нигохамро мечуи
ва дар ин баробар мегуи
«На-на
ёдат накардам»
Дуст медорам дуругтаро
Холиё
Бо ин хам фосилахо
Рафтанхо то ба нокучоихо
ёди ман дар туст
ёди ту бо ман
Дуст медорам
аммо...
бояд нимачони дардро
бо дасти дурият ламс кунам
бо инизории ширин
малхаме бандам
охирин нафаси умедро
                бо нихояти сабр сабз кунам
Зеро
Садои Аллоху Акбари азон
Резиши хуршед аз шар-шари осмон
Намози шукронаи шабнам
                              руи чонамози гул
Даъват мекунанд
Бояд зиндаги кунам!Манбаъ: http://tabrikot.tj/



Комати сабзу хиромони туро дорам дуст,
Нигахи масти ду чашмони туро дорам дуст
Гарчи ту дидаи гирёни маро дори дуст,
Ман факат он лаби хандони туро дорам дуст.
Зери фармони Худо гох набошам эй чон,
 Мани шайдо хама фармони туро дорам дуст.
Киссаи ишки маро чумла чахон медонад,
Абрувони качу мижгони туро дорам дуст.
Зери домони фалак чабру чафохо дидам,
Ба Худо, ман бари домони туро дорам дуст.
 Атри гул масту хумори накунад калбамро,
Накхати зулфи парешони туро дорам дуст.
 Назди оина набинам рухи худ хар лахза,
 Чунки оинаи чашмони туро дорам дуст.
Чони ман хадя ба ту, чони танат чони ман аст,
 Ошикат хастаму ман чони туро дорам дуст.


Илоҳо то абад бо ман бимони,
Ки хастам ошикат эй ёри ҷони.
Нахоҳам зиндагӣ бо ёри дигар,
Ки ҳастам ошиқат дар зиндагонӣ.

Гулгунчаи зебои ман! Ту бахти ман,ишки ман ва умеди мани! Шабхоро ба хаёлат руз мекунам ва рузро дар орзуи дидорат шаб. Кучои эй ягонатарин ва азизтарини ман.

 

Ошиқи рӯи сафеду чашми тобони туам,
Ошиқи лабханди гулрезу гулафшони туам.
Ҳар кадоме гарчи рӯзамро сияҳтар мекунад,
Ошиқи мӯи ту, абрӯи ту, мижгони туам.
Ин дили ман чок-чок аз ишқи бетадбири туст,
Ошиқи он шуълаи чоки гиребони туам.
Бо камоли оқилӣ дар пояи чилсолагӣ,
Масти ту, девонаи ту, маҳву ҳайрони туам. 
Дар дили ман ишқи шӯрангезат оташ мезанад, 
Хонаат обод, эй ҷон, хонавайрони туам.... 

 

Азизи дили ман! Ман туро дар калби пур аз мухаббати худ мепарварам. Хар як нигохи чашмони пур аз мехрат,хар як сухани дилрабои лабони афсунгарат ва хар як лахзаеро, ки бо хам будем дар хаёлоти рангини дунёи худ хифз кардам.



Туро ман дуст медорам, азизу мехрубони ман, 
Ба ишкат сачда меорам, бихишти човидони ман. 
Бигардам хоки пои ту, биёи гар дар огушам, 
Кунам чонро фидои ту, макун харгиз фаромушам.

Миёни ҷумлаи гулҳо туро ман дӯст медорам,
Яқин имрӯзу ҳам фардо туро ман дӯст медорам.
Дар ишқи ту ман аз Маҷнун ҳам девонатар гаштам,
Аё зеботар аз Лайло, туро ман дӯст медорам.
Аз он ки марҳами ҷонӣ, ба дарди дил ту дармонӣ,
Ба ҷону дил зи сар то по туро ман дӯст медорам.
Чу нуре бар ҷаҳони ман, ба қалбу рӯҳу ҷони ман
Аз он рӯзе шудӣ пайдо, туро ман дӯст медорам.
Нагирам ёри нав дар бар, нахоҳам ҳамдаме дигар,
Дар ин дунёву он дунё туро ман дӯст медорам.

Ба чи машгул кунам дидаву
дилро,ки мудом... Дил туро
металабад дида туро
мечуяд.....****

Дуст медорам хамонеро ки дустдори ман аст.
То ба рузи охират ёри вафодори ман аст .
Ёри ман гар нек бошад он чунон некиш кунам.
Мекунам чонам фидояш чунки у чони ман аст.


Чашмони туро дуст дорам, ки дар он ашк бошад.
Ашкеро дуст дорам,ки дар он ишк бошад.
Ишкеро дуст дорам ки дар он ту боши.
Туро дуст дорам ки танхо аз ман боши.

Гар ба ишкам бандабоши дуст медорамтуро,
Гар зи ман дил кандабошидуст медорамтуро.
Одамон тарсанд аз душман гурезон хар канор,
Гар зидушман ганда боши дуст медорам туро.

Марезон ашки чашмонам,
Макун бехуда гирёнам.
Бикун бовар ай чонам.
Туро ман дуст медорам!

Тарки ёри кардиву ман хамчунон ёрам туро,
Душмани чониву аз чон дусттар дорам туро.
Гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.


Туро ай бехтар аз чон, дуст дорам,
Туро ай нури чашмон, дуст дорам.
Туро ки аз гами танхоии ман,
Кунун гашти парешон дуст дорам.

Дуст медорам,ба худ зебандаро. 
Дуст медорам ба худ арзандаро. 
Дуст медорам туро аз тахти дил. 
Чунки ту хам дуст медори маро.

Ман булбуламу бахорро дуст медорам.
Себаргаву лолазорро дуст медорам.
Сабаргаву лолахо дар боги шумо.
Савганд мехурам шуморо дуст медорам.Манбаъ: http://tabrikot.tj/