Гул диҳам бо умед,
Бахти ту бодо сафед.
 
Гулат диҳам,гули нок,
Ту покиву монӣ пок.
 
Гулат диҳам,гули тар,
Доғе набинӣ хоҳар.
 
Гулат диҳам бо ҳавас,
Як раҳматат ба мо бас.
 
Гулро бигир, эй гулрӯ,
Хоҳам чу гул монӣ ту.
 
Бигир гулро ки месозам дуоят,
Зи ҳар дарде нигаҳ дорад Худоят.
 
Бигир гулро, ба ҳурмат тоҷи сар кун,
Ғамму дарду алам аз дил бадар кун.
 
Бигир гулро,Худо бахтат диҳад бахт,
Насиби ту бигардад тоҷу ҳам тахт.
 
Бигир гулро,муроди банда ин аст,
Зи ту бодо ҳар он чӣ беҳтарин аст.
 
Бигир гулро,бишав аз мо ту хурсанд,
Туро эмин ббихоҳам ман зи ҳар фанд.
 
Бигир гулро,ғанимат дон ҷавонӣ,
Ки дорад ин баҳор охир хазоне.
 
Бигир гулро ҳаёи худ нигоҳ дор,
Зи ҳар берӯ ту рӯи худ паноҳ дор.
 
Бигир гулро ту бо нозу карашма,
Шавад чашмат зи ашки шодӣ чашма.
 
Бигир гулро набинам ғуссаи ту,
Насиби ёр бодо бӯсаи ту.
 
Гул бигир Хасу хораш набошад
Дида бигир ошики зораш набошад...
 
Ба ту гул медиҳам чун як қаламкаш,
Ба уммеде набоши ту аламкаш.
 
Ба ту гул медиҳам бо як муроде,
Ки боши дар амон аз ҷумла бодӣ.
 
Ба ту гул медиҳам дар ин шаби тӯ,
Бубинам то шаби тӯи ту моҳрӯй.
 
Ба ту гул медиҳам чун як бародар,
Мабар аз ман гумони бад хоҳар.
 
Ба ту гул медиҳам дар базми обод,
Ба умеде фақат бинам туро шод.
 
Ба ту гул медиҳам,на дар бихоҳам,
Туро дар маснади модар бихоҳам.
 
Бигир гулро сарафрозӣ кун, эй гул,
Худатро ту зи худ розӣ кун эй гул.
 
Бигир гулро,ки ин гул бар ту зебад,
Набинад фар, туро оне фиребад.
 
Бигир гулро бикун шукри замона,
Замона хуш бимонад ҷовидона.Манбаъ: http://tabrikot.tj/