Бори дигар гунох намудам, маро бубахш,
Ойинаро сиёх намудам, маро бубахш
Дастам барои бастани чашмам намерасид,
Ногах туро нигох намудам, маро бубахш…
Бероха рафтани дилам аз ёд рафта буд,
Бозаш рафики рох намудам, маро бубахш
Дидам, ки пой пешу кафо медавад зи вакт,
Тарки сару кулох намудам, маро бубахш
Гуфти, ки синну сол гузашт аз замони кор,
Инкори солу мох намудам, маро бубахш
Садбора тавбаам, ки пазиро бишуд,, зи нав,
Якбора иштибох намудам, маро бубахш
Чун Озарахш пеши гуноху савоби ишк,
Худро ба худ гувох намудам, маро бубахш…
                                                         
****
Ашкхоям
Маро бубахш
Нолахоям
Маро Бубахш
Дасту поям маро бубахш
Танхоям маро бубахш
Хомушам маро бубахш
Фаромушам маро бубахш
Бубахш ки хастаму нестам
Бубахш ки хастиву нестам
Бубахш ки хондаму нахондам
Бубахш ки мондаму намондам
Бубахш ки гуфтаму посух нагуфтам
Бубахш ки гиристаму надиди
Бубахш ки нолидаму нашуниди
Бубахш ки чун мане дустат дорад
ва чун туе намедонад
Бубахш ки,,,,,
Бубахш
Бубахш 
Бубахш

****
Маро Бубахш агар бо ту тунди кардам
Ту сабзи вале ман як барги зардам
Маро бубахш агар доги хастам
Маро бубахш агар мисли барфам, хеле сардам
Маро бубахш агар ташнаи мехрам
Дунболи ту , дар моху сипехрам
Маро бубахш агар танхову беёрам
Маро бубахш агар гиря шуда корам
Маро бубахш агар шабхо бо ёди ту 
Зонуи гам дар багалам дорам
Маро бубахш  агар кит уро дуст дорам
Маро бубахш  агар танхо туро дорам
Маро бубахш агар бе ту як девонам
Маро бубахш агар факат дуст дорам.

****
Маро бубахш эй ёр агар набудам ёр
Агар ба ишки ту нагаштаам бемор
Маро бубахш ноёб маро бубахш камёб
Агар дар ишки ту набудаам камёб
Маро бубахш эй дуст маро бубахш имруз
Агар барои ту набудаам дилсуз
Маро бубахш дилдор маро бубахш эй ноз
Агар барои ту набудаам хамроз
Маро бубахш пуна дар ишки гулхуна 
Агар мани хорро нишонди руи шона
Рафики кошона бубахш ту  мастона 
Маро азизи чон бубахш ту дардона
Маро бубахш мохам  магзор ту танхоям
Агар хато кардам бубахш ту зебоям
Зи дори ин дунё баром туи боки 
Маро бубахш хам бугз  маро бубахш соки
Барои захми тан  ту будаи мархам
Маро бубахш лола ки будаам догат
Ту гунчае буди набудаам богат
Маро бубахш пирам , зи зиндаги серам
Бахотири ашкам гузар зи таксирам.

****
Маро бубахш 
Агар ки дастам буи туро медод
Маро бубахш 
Агар туро надидаму аз ту гузаштам
Маро бубахш
Агар бо эхсосам бар ту  нигох кардам
Маро бубахш 
Агар дар вучудам туро фарёд кардам
Маро бубахш
Агар ки бе ичоза бар ту навозиш кардам
Маро бубахш
Агар дар чашмонат бо  оташи дил  нигох кардам
Маро бубахш
агар буса бар тан аз тахи вучуд буд
Маро бубахш
Ту сафед мисли ёси
Ман сиёхии шаби торик
Агар ин тани сафедро сиёх кардам.

***
Ранчондаам  дубора дилатро маро бубахш
Эй бекаронатар аз хама дилхо маро бубахш
Сар менихам ба дашти вучудам  аз ин ситам
Мехонамат ба киблаи худат маро бубахш.
 
***
Пешам бимон
Шояд як руз 
Битавони ошикам боши
Дилам мехохад факат як бор
Ишкро бубинад дар нигохат
Факат як бор
Тавкаи зиёдаи
Маро бубахш 
Бубахш факат агар як руз
Орзухоям дар хоб гуям
Ё дар боми наккошихом
Накши чашмонат бизанам
Боз хам бубахш
Барои харчи ки мехохам дар орзухоям
Маро бубахш
Маро бубахш
Маро Бубахш….

***
Маро бубахш – маро бубахш 
Маро бубахш хастаам
Ба кунчи гам нишастаам
Миёни боги пургулат
Чу лола дог бастаам
Маро бубахш маро бубахш
Агар вафо накардаам
Дили туро шикастаам
Зи кайду банди ошики ба ногахон гусастаам
Маро бубахш – маро бубахш
Намондаам канори ту
Зи боми ишк частаам
Маро бубахш – маро бубахш

****

Гули ман талхии харфонам бубахш
Кучакихову бадихоям бубахш
Агар камтахаммулам сахл нагир
Ту биханду кудакихоям бубахш.
Агар калби ошикам санг шуда
Калби бечораи танхоям бубахш.
Агар аз набуданат хаста шудам
Лахза Лахза хастагихоям бубахш
Агар гофил мешад аз ту чашми ман
Ту нигар бар суи чашмонам, бубахш
Ту ки дастот пурри мехрубониаст
Вусъати холи дастонам бубахш
Бахри тавсифи ту шеъри ман кам аст
Заъфи табъи ману шеърхоям бубахш.
***
Гунохе карда бошам пеши ту, эй ёр мебахши
Агар дар зиндаги додам туро озор мебахши
Насими субх аз пахлуи мо бигзашт хандида
Туро бар хандахои хеш кардам зор мебахши
Ханузам дар биёбони чудои боди саргардон
Ба саргардонихо моро бикард афгор мебахши
Ту дар як гушае танхову ман дар хабси танхои
Зи хам дурему пуршурему дилбемор мебахши
Намедонам, гунохи мову ту ё дасти такдир аст
Ки гирдогирди дунёем чун паргор мебахши
Сари сахтам, дили гармам, нигохи бекарориам
Накардам хадя хамчун ёри дилбардор мебахши
Натавонистам ба ту такдим кардан ишки оламгир
Барои дур буданхо хазорон бор мебахши .

****
Маро бубахш Парвина
 
(Гимни хиёнаткорон)
 
Ман имшабам, ки бармаҳал,
Дар оғӯши пур аз асал.
Хиёнатат намудаам,
Аҷал ба ман, аҷал, аҷал.
 
Маро бубахш Парвина!
Маро бубахш Парвина!
 
Субҳ туро шамида ман,
Ба боғи зиндагӣ равам.
Шом туро бидида ман,
Ба рахти хоб биғнабам.
 
Вале инак, ба ҷойи ту,
Шамидам атри мӯйи ӯ,
Ба боғи зиндагӣ равон,
Шудам ба завқи рӯйи ӯ.
 
Маро бубахш Парвина!
Маро бубахш Парвина!
 
Вале инак, ба ҷойи ту,
Зи шаҳди ду лабаш мудом.
Хумори бӯса бишканам,
Ба шавқу шӯр субҳу шом.
 
Маро бубахш Парвина!
Маро бубахш Парвина!

Манбаъ: http://tabrikot.tj/