Худоё ин манам бандае, ки ҳар лаҳза бо ту ҳарф задан мехоҳам бандае, ки бедуни ту ҳеҷам бандае, ки ҳар рӯзамро пинҳон мекунам то сари ҷойнамоз нишинаму бо ту ҳарф гуям зеро набуд дар ин дунё набуд нафаре, ки барош рози дил гуям набуд нафаре, ки рози диламро барояш ифшо кунам. Худоё ин манам нафаре, ки дард дорам нафаре, ки оҳу нола дорам нафаре, ки ҳар лаҳзаам бо ғам аст ва бе дуни ту танҳоям боз дар наздат ашк мерезам боз дар наздат зи зиндагӣ менолам зи сузи одами менолам у мегирям. Худоё охир ин ҳама азоб ин ҳама ғам дард оҳу нола зи баҳри чист бигу чаро тақдирамро пасту баланд офариди медонам роҳи зиндагӣ ҳамвори надорад вале чаро ин қадар ноҳамвор аст роҳи зиндагӣ ман дунёе, ки барои чун гур тангу тор аст пас чаро ноҳамвораш офариди охир дар торики роҳе рафта ку наметавонам пас чаро интиҳони сохтам карди бигу бигу Худочон бигу охир лаҳзае аз ин ғамҳо озодам кун лаҳзае аз ин занҷири ғаму азоб раҳоям кун то лаҳзае дар шодиҳо бошам дар баҳори зиндагӣ бошам то лаҳзае сайри олами рангин кунам то бубинам ки шоди чи аст то дарк кунам то заррае ҳам бошад ғамамро аз дилам берун орам дар зиндагӣ ҳамагон сиру рӯзашонро баром мегуфтанд бардошт мекардам ва уқубат дарунам аз ғами дигарон пур шуд ғами худро куҷо бонаи ғами худро чи кор кунам намедонам Худоё ба ки гуям ин сири нуҳуфтаамро ба ки гуям ба ки гуям ин рози ногуфтаамро бигу баром охир бигу ба ту гуям ягона нафаре, ки рози диламро медонад ки ту ҳасти зи розам бохабар чаро давоям намекуни чаро Худочон чаро ҳар лаҳза зи чашмонам ашки ғам мерезад ин ашкро ман не чашмонам мерезад обро ман не вуҷудам мекашад ғамро ман не дилам мебардорад пас бигу ман чи чи кор кунам дар чораҳаи зиндагӣ ҳайрону нолон мондам ба куҷо рафтан чи кор кардан ва ба ки рози дил гуфтанамро намедонам воқеан намедонам Худоё зи хатогиҳои кардаам сахт пушаймонам. Хохиш мекунам бароям як фурсат бидеҳ бароям як имтиёз вале сад афсус ки роҳи зиндагиро дубора баргардонда намешавад, то хатогиҳои кардаамро бори дигар ислоҳ кунам намедонам чи кор кунам Худочон ман аз зиндагӣ хастаам зиндагие, ки барои дигарон зебо аст барои ман ҳеҷ аст зиндагие, ки барои дигарон шоди меорад барои ман ба ҷуз ғам, мотам дигар чизе намеорад пас бигу чи кор кунам намедонам. Ғаме, ки ман дорам агар ба дигаре гуям шояд қуввати бардошт карданашро надошта бошад вале бовар бовар кун ман хастаам дигар дилам бардошт надорад вуҷудам қувват надорад ҳама қувватам сарф шуд. Худоё бароям роҳ нишон деҳ бароям чизе бигу бигу охир бигу ман хастаам воқеан хастаам Худоё Худовандо аз ҳар нафаре кашидаам аз ҳар нигоҳе, кардам аз ҳар муҳаббате, ки дар дил ҷой кардам сахт пушаймонам он пушаймонам ки намедонам чи гуна бори дигар лаҳзаҳои гузаштаро баргардонидам то ин хатогиҳои кардаамро ислоҳ кунам. Худоё илтиҷо мекунам маро бар ман бубахш. Ҳамагон зи ту умри дароз металабам зеро шоди доранд  рангини зиндагиро дидаанд ва дарк мекнанд ҳаётро вале ман чи, ман умри дарози ғамқатиро чи кунам Худоҷон агар зиндагӣ бароям як лаҳза ҳаёт медодиву ба шоди мебуд ман рози будам ман қаноат мекардам ман шод мешудам аз он як лаҳза вале агар чи садсол умр бинаму бо ғам бошад намехоҳам чунин ҳаётро зеро лаҳзаам барои сад сол аст як лаҳзаи бо ғам зистан як лаҳзаи бо дард зистан бовар кун дигар вуҷудам тоқати бардошти ин ҳама ранҷро надорад Худоё Худовандо ин ҳама ғамҳо ин ҳама дардҳо ин ҳама сухтану бо сухтанҳо сохтанҳо маро буданд ба суйи навмедиҳо ба қулаи номуродиҳо бурданд. Мегуянд поёни шаби сиёҳ сафед аст вале ман дар ин роҳи торики зиндаги рушноиро ки мебинам пас ба умеди чи зиндаги кунам ба умеди ки зиндаги кунам Худочон нест нафаре, ки барои рози дил гуям нест нафаре, ки барош ин ҳама сири диламро ифшо кунам зеро ҷуз худам ба ҷуз худат ба касе бовар надорам дар ин дунё.